Бардошт аз Паём. Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон

Дар ҷумҳурии мо имрӯз рушди соҳаи маориф ба ҳайси яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ва техникиву муҳандисӣ, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва амсоли он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фаъолияти Ҳукумати мамлакат, тамоми идораву корхонаҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 арзёбӣ гашта, вобаста ба мушкилоти мавҷуда дар назди онҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд, ки иҷрои онҳо ба рушди минбаъдаи соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ мусоидат менамояд. Аз ҷумла, дар назди кормандони илми ватанӣ чанд вазифаи мушаххасе гузошта шуд, ки иҷрои онҳо на танҳо ба рушди илм, балки ба пешбурди дигар соҳаҳои ҳаёти мамлакат низ такони ҷиддӣ мебахшад. Аз ин рӯ, Президенти ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти дигари дахлдор «барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд». Мо умед дорем, ки олимони ҷумҳурӣ бо таълифи китобҳои дарсии насли нав, дар сатҳи баланд ва бо истифода аз технологияҳои муосири таълимӣ бурдани корҳои таълимию тарбиявӣ дар ин кор саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор шуд, ки тавассути амалӣ намудани барномаҳои таълимии муосир омода сохтани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намояд. Вобаста ба ин, олимони Академияи миллии илмҳо ва ходимони илмии онро зарур аст, ки барои боло бурдани сатҳи таълим дар магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), ки давоми даҳсолаи охир дар сохтори он фаъолият доранд, тадбирҳои мушаххас андешида, омода намудани муҳаққиқони ҷавонро барои фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои гуногуни таҳқиқоти илмӣ беш аз пеш тақвият бахшанд. Вазифаи дигаре, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва сохторҳои он гузошта шуд, ба иҷрои Барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 дар ҷумҳурӣ ва таҷлили сисолагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад. Чунонки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, маҳз «амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем». Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро ба ифтихори ин санади сарнавиштсоз ва санаи муҳимми таърихии қабули он «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Барои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, тамоми ҳуқуқшиносони ҷумҳурӣ, хусусан ба ходимони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Алоуддин Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зарур аст, ки бо таълифи мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таҳияи дастурҳои роҳнамо, гузаронидани семинару конференсияҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ иштирок намоянд. Институт барои иҷрои ин амал неруи кадрии муносиб дошта, умед дорем, ки аз иҷрои ин вазифа ходимони илмии он сарбаландона мебароянд. Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» метавон ҳамчун санади муҳимми таърихӣ баҳогузорӣ намуд, ки бо иҷрои тамоми вазифаҳои дар он гузошта ҷумҳурии мо дар соли 2024 – соли бузургдошти сисолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва шукуфоии ҳаёти мардуми он қадамҳои боз ҳам устувор мегузорад.

Муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии информатика - Каримова Г.М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ