Барандагони "Ҷоми 90-солагӣ" оид ба волейбол муайян шуданд

Тавре иттилоъ дода будем, бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби устодони факултетҳо ба варзиш мусобиқаи волейбол миёни устодони (бонувон) факултетҳо барои дарёфти "Ҷоми 90-солагӣ"-и донишгоҳ ташкил ва баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқа 16 даста аз рӯи намуди волейбол ширкат намуда, байни ҳам рақобат намуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки иқдоми мазкур бахшида ба 30 - солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон ва 90 солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид.

Дар натиҷа, дастаи бонувони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус мақоми аввал, ҷойи дуюмро факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ ва мавқеи баъдиро факултетҳои математика ва биология ва химия касб намуданд.

Макази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ