​Барандагони Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қадр шуданд

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2022 баргузор гардид. Дар доираи ин иқдом як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров гардиданд. Аз ҷумла, Насриддинов Фахриддин - профессори факултети забонҳои шарқ бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи адабиёт, Карим Шариф - сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм, Саидумрон Саидов - дотсенти кафедраи адабиёти муосир бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи адабиёт, Ҳасанов Салимбой - профессори факултети санъати тасвирӣ ва технология бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи санъат, дотсент Юсупов Ҳусейн - роҳбари ансамбли “Навои ҷавонӣ” бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи санъат сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон, як қатор устодони донишгоҳ -Назаров Раҳимҷон, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисми сахт,

Рашидов Абдувалӣ, дотсени кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионӣ, Ҳоҷиева Мунира, дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети педагогӣ ва Мансурова Азиза, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии психиология бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадр шуданд.

Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода фарорасии санаи таърихии 31-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин табрик гуфт.

Қайд гардид, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ намудани хизматҳои фарзандони барӯманд ва хизматнишондодаи Ватан, онҳое, ки бо меҳнати босубот ва фидокоронаашон дар бунёди ҷомеаи навини кишвар ва рушди соҳаҳои он саҳми назаррас гузоштаанд, ҷойгоҳи хоса дорад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, инчунин Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба барандагони ҷоиза тақдим карда шуд.

P.s. Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барандагони Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро табрик намуда, ба устодон дастовардҳои тоза ва барору пирӯзӣ таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ