​Баландбардории саводнокии молиявӣ дар шароити ҷаҳони муосир

Баланд бардоштани савияи дониши молиявии аҳолӣ, алалхусус донишҷӯён ва ҷавонон аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Дар робита ба ин дар кафедраи кори бонкӣ баҳри баланд бардоштани саводнокии молиявии донишҷӯён бо иштироки намояндагони “Коммерсбонки Тоҷикистон” таҳти унвони «Баландбардории саводнокии молиявӣ ва аҳамияти он дар шароити ҷаҳони муосир» ташкил ва баргузор гардид.

Ба кори конференсия мудири кафедраи кори бонкӣ, дотсент Ҳамидова С.Х. ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки имрӯзҳои омӯзиши илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияҳои муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ётааст.

Зимни конференсия донишҷӯён бо фаъолияти бонк ва хизматрасониҳои муосиртарини бонкӣ шинос шуданд.

Дар ҷараёни конференсия миёни иштирокчиён музокирот сурат гирифт. Масъалаҳои беҳтар истифода бурдани маблағ, суратҳисоби бонкӣ, муҳайё намудани зиндагии шоиста ва расидан ба орзӯҳои нек мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, аз тарафи кормандони бонк бозиҳои интерактивӣ гузаронида шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Қайд карда шуд, ки ҳадафи конференсия муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар таҳияи стратегияи фарогирии молиявӣ, дастрасӣ ба маблағгузорӣ, маҳсулоти молиявии инноватсионӣ ва хизматрасониҳои ғайримолиявӣ мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ