​Баланд аст аз фалак шони муаллим...

Дар факултети забонҳои шарқ Рӯзи омӯзгор бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Донишҷӯёни курсҳои якуму дуюми факултети барномаву саҳнаҳои ҷолиб таҳия намуда, ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, шеърҳо дар васфи омӯзгор бо забонҳои гуногун аз ҷониби донишҷӯён қироат гардида, суруди дилнишин аз тарафи донишҷӯи курси 4-ум Муротов Низомиддин суруда шуд. Намоиши саҳначаитарбиявӣ, ва барномаҳои фарҳангии пешкашгардида табъи иштирокчиёнро болида намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ