​Ба таваҷҷуҳи довталабон!

Шумо довталаби муассисаи олии таълимӣ ҳастед ва дар интихоби донишгоҳ ҳоло ҳам ба як қарор наомадаед? Пас, ҷойи фикр кардан нест. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров интихоби дурусти Шумо ҷиҳати расидан ба ояндаи зебову дурахшон аст. Шубҳа доред? Пас, санаи 2 апрели соли 2022, соати 9:00 ба бинои таълимии №2 ба рӯзи дарҳои кушод омада, бо номгӯйи ихтисосҳои муосир, шароити арзандаи таълим, сифати баланди таҳсил ва имконоту имтиёзи донишгоҳ аз наздик шинос гардед.

Мо барои Шумо 99 ихтисоси муосиру муҳиму муфид ва ба бозори меҳнат серталаботро пешниҳод мекунем.

Марҳабо, ба “Рӯзи дарҳои кушод”!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ