Ба ифтихори 5500-солагии Саразм ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ маҳфили “Ганҷи сухан” баргузор гашт

Нишасти 179 маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ ҷараён гирифт.

Маҳфил дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ширкати олимону адибон, устодону донишҷӯён ва ҳаводорони каолми бадеъ доир шуд. Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки дар ин нишаст дар баробари ироаи маърӯзаҳову суханрониҳо, ҳамчунин аз фаъолияти маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2019 натиҷагирӣ мешавад. Дар суханронии худ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, адабиётшинос Тоҷибой Султонзода зикр кард, ки “соли равон бо қарори ЮНЕСКО дар Тоҷикистон 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад. Басо рамзист, ки дар нишасти аввалини маҳфил дар соли 2010 ба ин мавзӯъ руҷӯъ шуд, ки ин ду санаи таърихӣ дар ҷодаи худшиносии миллӣ саҳифаи тозаеро боз хоҳад кард.”

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло баромад дошта, зикр кард, ки мавҷудият ва фаъолияти мунтазами маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар мавриди баланд бардоштани сатҳи маърифат ва маънавияти ҷомеа, тарғиби илм ва китоб дар байни ҷавонон яке аз корҳои муҳим ва муассирест. Имрӯз ин маҳфил дар ғановатмандии фазои илмӣ, фарҳангӣ ва адабии кишвар нақши бориз дорад. Махсусан ҷалби ҷавонони эҷодкор ба ин маҳфил умеди тозаро дар дилҳо бедор мекунад.

Сипас дар мавзӯи “Саразм : назаре ба таърих ва тамаддуни бостон” номзади илмҳои таърих, дотсенти факултети таърих ва ҳуқуқ Ҷӯрабек Исоматдинов маърӯзаи илмӣ намуда, гуфт, ки бозёфтҳо аз Саразм на танҳо арзиши миллӣ ва минтақавӣ балки аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Мутобиқи бозёфтҳое ки то имрӯз ба даст омад муайяан шудааст, ки дар шаҳри Саразм қасру маъбад, маҳаллаҳо, кўчаҳо мавҷуд будааст. Ҳамчунин бозёфтҳо бар он далолат мекунад,ки дар он даврон саноат ва ҳунарҳои мардумӣ низ рушд карда буд ва истеҳсол ва коркарди фулузот ба назар мерасид ва дар атрофи шаҳрконҳое мавҷуд буданд, ки аз онҳо маъдан дастрас мегардид. Илова гардид, ки олимон ҳини ҳафриёт кўраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ, ашёҳои биринҷӣ аз ҷумлакорд, ханҷар, табарзин, нўги найза, муҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагиро ёфта, аз мавҷудияти касбҳое монанди заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ дарак додаанд.

Мухлиса Нуруллоева, номзади илмҳои филология, ки таҳти унвони “Камоли Хуҷандӣ дар шеъри Фарзона” маърӯза ироа дошт, дар бораи мақоми Хоҷа Камол ва шеъри ӯ дар осори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ибрози назар кард.

Дар идомаи маҳфил шоирони ҷавон - Мафтуна Қосимӣ ва Шоира Олимова аз ашъори тозаи худ қироат карданд.

Баъдан, роҳбари маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” Саидумрон Саидов натиҷаҳои “Ганҷи сухан”-ро дар соли 2019 барои ҳозирин баён кард.

Сипас, фаъолон бо сипосномаи Раиси вилояти Суғд, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва туҳфаҳои хотиравии маҳфили “Ганҷи сухан” сарфароз гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ