Ҳазор соли робитаҳои адабӣ

Дар толори раёсати донишгоҳ маҳфили адабии донишгоҳии “Чашми ҷон” бо роҳбарии профессор Низомиддин Муродӣ барои донишҷӯёну устодони факултети филологияи ӯзбек бо ташаббуси кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин маҳфил муовини ректор оид ба корҳои тарбия - профессор Аюб Усмонзода, профессор Низомиддин Муродӣ ва дигар устодону донишҷӯёни факултети филологияи ӯзбек ширкат варзиданд.

Нахуст, профессор Низомидин Муродӣ дармаҳфили “Чашми ҷон” дар мавзӯи “Ҳазор соли робитаҳои адабӣ: ибрат ва ватандорӣ” баромад карда,доир ба робитаҳои адабии халқи тоҷику ӯзбек, дӯстии ин ду халқҳо, муносибатҳои сулҳхоҳонаи ду кишвари ба ҳам дӯст -Тоҷикистону Ӯзбекистониброз назар намуд.

Дар идомаи маҳфил устоди факултети филологияи ӯзбек дотсент Мавлонбердӣ Суюнов баромад карда, барои ташкили чорабинӣ арзи сипоси аҳли факултетро баён намуда, доир ба нуфузи маҳфил дар донишгоҳ ва таъсири он дар тарбияи донишҷӯён ҳарф зад. Аюб Усмонзода - муовини ректор оид ба корҳои тарбия ба сухан баромада зикр дошт, ки баргузории маҳфилро барои таҳкими дӯстӣ ва тарбияи худшиносии ҷавон муҳим арзёбӣ намуд.

Дар хотима суруди дилнишине бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ аз тарафи сароянда Сардор Солиев суруда шуда, ба маҳфил ҳусни анҷом бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ