​Аз созиш дар хонавода то ба сулҳ дар саросари ҷаҳон

Ин унвони мавзуе буд, ки доир ба он дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорабинӣ доир гардид. Ташаббуси мазкур дар доираи маъракаи “16 рӯз бидуни зӯроварии хонаводагӣ” ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба роҳ монад шуд.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии Ассосиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон Мӯминзода Хуршеда, декани факултет дотсент Шарифиён Муқаддас ва устодону донишҷӯёни факултет ширкат намуданд.

Чорабиниро муовини декан оид ба илм ва инноватсия Ҳоҷибоева Раъно ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки оилаи солим оилаест, ки бунёдашро меҳру садоқат ва муҳаббату якдигарфаҳмӣ асос мегузорад.

Сипас, аз тарафи сармуаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳимова Муҳаррама дар мавзуи “Зӯроварии хонавода ва таъсири он ба кӯдакон” маърӯза шунида шуд.

Намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии Ассосиатсияи зиёиёни илмӣ – техникии Тоҷикистон Мӯминзода Хуршеда “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро шарҳ дода, афзуд, ки афзалият ва бурди қонуни мазкурро имрӯз на ҳамаи занону духтарон ё дигар аъзои хонавода дарк менамоянд.

Дар идома омилҳои мусоидаткунандаи хушунату зӯроварӣ дар оила ва роҳҳои пешгирии он мавриди шарҳ қарор дода шуда, қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян намудани субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ, доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозхии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013 қабул гардидааст.

Донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносӣ вобаста ба 4 намуди зӯроварӣ саҳначаҳои ибратомӯзнишон доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет дотсент Шарифиён Муқаддас баромад намуда, барои ироаи маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва намоиши саҳнаҳои ибратомӯз изҳори сипос намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ