​Аз рафти таҷрибаомӯзии педагогӣ

Дар толори калонифакултети филологияи рус конференсияи ифтитоҳии таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни курси чорум ва панҷум доир гардид.

Конференсияро декани факултет дотсент Шаропова Раъно ифтитоҳ бахшида, донишҷӯёнро бо қоидаҳои раванди таҷрибаомӯзӣ шинос намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ114 нафар донишҷӯёни курси чорум ва 9 нафар донишҷӯёни курси 5-уми шуъбаи рӯзона тибқи фармоиши ректори донишгоҳ бар зергуруҳҳо тақсим карда шуда, ба таҷрибаомӯзии педагогӣ равона мешаванд.

Таъкид гардид, ки дар раванди таҷрибаомӯзӣ донишҷӯ донишу малакаи дар донишгоҳ омӯхтаашро дар амал тадбиқ бояд намояд.

Дар назар аст, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён 3 ҳафта давом мекунад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ