​Аз ин марди Худо шукрона бояд кард

Таҳти ин ном бо иқдоми кафедраи умимидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар факултети геоэкология ва туризм чорабинии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ин иқдом ба муносибати 30 – юмин солгарди таъсисёбии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба чорабинии мазкур донишҷӯёни курси якум ҷалб гардида, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳи сиёсатшиносӣ Ҳоҷиева Мунира бахшида ба 30-солагии иҷлосияи тақдирсоз гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Бердишукуров Абдунаим иштирок намуда, аз аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

Таъкид гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.

Гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд оварда, ба ҷанги бародаркуш хотима бахшид.

Донишҷӯён бо маърӯза, шеър ва саҳнаи тарбиявӣ дар мавзӯи “Хоки Ватанам аз тахти Сулаймон беҳ” ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуд.

Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Ҳоҷиева Мунира иброз намуданд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин Иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Суруди “Тоҷикистон ба пеш” дар иҷрои донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ