​Ҷавонон ва ҷомеаи муосир

Дар толори факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси кафедраи адабиёти классикии тоҷик ҷорабинии тарбиявӣ-илмӣ таҳти унвони “Ҷавонон ва ҷомеаи муосир, Сада – ҷашни куҳанбунёди тоҷикон” доир гардид.

Чорабиниро декани факултет дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ кафедраи адабиёти классикии тоҷик тасмим гирифтааст, ки бо даъвати мутахассиони соҳа ба донишҷӯёни факултет суҳбати озод дошта бошад. Дар чорабинии имрӯза муовини ректор оид ба тарбия профессор Усмонзода Аюб, ходими намоёни ҷамъият, номзади илмҳои филологӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, мудири кафедраи таърихи Ватан, дотсент Ҷӯрабек Исомаддинов ва устодони факултет иштирок доранд.

Номзади илмҳои филологӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар мавзӯи “Ахлоқи ҷавонон дар замони муосир” суҳбат намуда, изҳор дошт, ки дар замони муосир имконияти омӯзиши маълумот бисёр васеъ аст. Махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонон метавонанд доир ба ин ё он мавзӯъ маълумоти зиёд ба даст оваранд. Ҷиҳати мусбати шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки бисёр китобҳои зарурии худро ба даст меоранд, аммо тарафи манфии он дар он аст, ки матолиби бадастовардаро чигуна дарк ва таҳлил мекунанд. Таъкид намуд, ки ҷавонон набояд ба сомонаҳои ифротӣ ва зараровар дар ахлоқи онҳо ворид шаванд. Бояд самаранок аз шаакаҳои иҷтимоӣ истифода намоянд.

Мудири кафедраи таърихи Ватан, дотсент Ҷӯрабек Исомаддинов дар мавзӯи “Ҷавонон ва терроризм” маърӯза ироаи намуд. Номбурда қайд кард, ки ҷавонони тоҷик, хоса донишҷӯён дар замони муосир бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Маълумоти аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасрас намудаашонро таҳлилу баррасӣ кунанд. Ба ҳар гуна иғвою дасисаҳои душманон ва ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ шомил нашаванд Ба маълумоти бардурӯғи ин ҳизбу ҳаракатҳо фирефта нагарданд. Бештар аз пайи омӯзиши илму касбҳои муосир вақти худро гузаронанд.

Сипас, дотсент Саидов Саидмурон дар мавзӯи “Муносибати илм ва дин” гузориш намуда, қайд намуд, ки ҷавононро мебояд бештари вақти худро бо мутолиа ва ҳунаромӯзӣ сипарӣ кунанд. Изҳор дошт, ки агар ҷавонони мо соҳиби илм бошанд, ҳеҷ гоҳ бо дин муносибати ифротгароёна ва мутаассибона муносибат намекунанд. Ҷавононе ки бо омӯхтани илмҳои муосир дониши худро сайқал додаанд, ба дин ҳам муносибати дуруст ва нек доранд.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб зимни суханронии иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷавононро ба худшиносиву худогоҳӣ ва роҳи дуруст ҳидоят менамояд.

Дар қисми дигари чорабинӣ декани факултет дотсент Тиллохоҷаева Муҳаббат дар мавзӯи “Сада – ҷашни куҳанбунёди тоҷикон” маърӯза намуд. Зимни гузориш афзуд, ки ҷавонони мо бояд аз фарҳангу тамаддун ва ҷашнҳои куҳанбунёди миллиамон, ба монанди ҷашни Сада огоҳии хуб дошта бошанд. Маҳз ҷавонон ҳастанд, ки ба ҷаҳониён дар оянда таъриху фарҳанги миллии тоҷиконро муаррифӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ин қишри фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки дар баробари омӯзиши илмҳои замонавӣ, инчунин ба фарҳангу тамаддун ва ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик таваҷҷӯҳи амиқ дошта бошанд.

Дар фарҷом иштирокчиён ба музокира баромада таъкид доштанд, ки муҳтавои ин гузоришҳоро дар фаъолияти ҳаррӯзаашон мавриди истифода қарор дода, тарғиби андешаҳои солиму созандаро ҷонибдорӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ