​Ҷавонон: тадбирҳо ба хотири таҳкими фаъолият

Масъулини шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ бо донишҷӯёни фаъоли факултетҳо мулоқот намуданд. Ҳадаф аз ин ташаббус татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба ташаббусҳои судманд роҳандозӣ гардид.

Хайёмиддин Исмоилов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар бораи мақом ва нақши ҷавонон дар ҷомеа ибрози назар намуда, аз саҳму хидмати намояндагони ин қишр дар роҳи таъмини рушд ва расидан ба дастовардҳо таъкид намуд.

Номбурда таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Роҳбари давлатро нисбат ба ҷавонон таъкид намуда, бовариву дастгириҳои Сарвари давлатро барои ҷавонон масъулият унвон намуд.

Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавононро такягоҳи боэътимод, нерӯи пешбар ва қишри ояндабунёд номида, ояндаи миллат ва давлат номидаанд.

Фарҳанги кор бо интернет ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ аз мавзуи дигари мулоқот буд, ки перомуни он аз ҷониби намояндагони шуъбаи ҷавонон маслиҳатҳои муфид ва судманд манзур шуд.

Аз ҷавонон даъват шуд, ки ҷиҳати бо маводи судманд пур намудани фазои холӣ дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба хотири ҳимояи манофеи миллӣ ва давлатӣ саҳми муассир гузоранд.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиён ва пешниҳодоти судманд ҷиҳати таҳкими фаъолияти ҷавонон мулоқот анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ