Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат

Чунин унвон дошт мавзӯи навбатии барномаи "Назаре ба оина"–и телевизиони Суғд, ки бо иштироки устодон ва донишҷуёни факултети таърих ва ҳуқуқ баргузор гардид.

Иштирокчиён перомуни мавзӯи мавриди назар андешаҳои худро баён намуда, аз нақши ҷавонон ҷиҳати татбиқи сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат таъкид карданд.

Дотсент Шавкат Шарипов перомуни таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба масоили марбут ба ҷавонон сухан карда, афзуд, ки Пешвои миллат раҳнамову ҳомии ҷавонон буда, дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нақши муассир мегузоранд.

Инчунин, дар мавзӯи "Дастовардҳои ҷавонон дар 30-соли истиқлол" омӯзгор Рустам Рустамов ибрози назар намуд.

Донишҷӯён низ дар навбати худ таассуроту фикри худро доир ба таҳқими мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, ки дар партави сиёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, баён доштанд.


Ҷонибек Турсунов,

аъзои “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ