Ҷавонон – нерӯи созандаи Ватан
Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсуси Донишгоҳ таҳти унвони «Ҷавонон – нерӯи созандаи Ватан» бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан арзёбӣ гардид. Дар раванди чорабинӣ масъалаҳои марбут ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ ва саҳми онҳо дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои истиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Чорабиниро декани факултет, дотсент Усмонзода Даврон ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи сиёсати созандаи давлат ва пешрафти кишвар нақши муассир доранд. Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои ҷавонон тамоми шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, рушди қобилият ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи чорабинӣ дар мавзуи «Ҷавонон – нерӯи созандаи Ватан ва посдорони Истиқлол» маърӯзаҳо шунида шуда, вобаста ба ҷойгоҳ ва масъулияти ҷавонон дар ҷомеаи муосир, эҳсоси ватандӯстӣ ва саҳми ҷавонон дар ободиву шукуфоии кишвар табодули афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот