​Аттестатсияи докторантону магистрантон

Дирӯз дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ аттестатсияи докторантон ва магистрантони курси дуюми факултет баргузор гардид.

Ҷаласаро декани факултет дотсент Нуриллозода Хушбахт ифтитоҳ намуда, докторантон ва магистрантонро аз мақсади ташкили аттестатсия ошно намуд.

Қайд карда шуд, ки дар аттестатсия мудирони кафедраҳо ва роҳбарони илмии докторантону магистрантон иштирок намуда, аз фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии докторантону магистрантон натиҷагирӣ намуданд.

Аз ҷониби садорати факултет, мудирони кафедра ва роҳбарон ҷиҳати таҳқими корҳои илмии докторантону магистрантон маслиҳатҳо дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ