​Асоси пойдории ҷомеа

Дар факултети забонҳои шарқ дар ҳамҷоягӣ бо факултети забонҳои хориҷӣ дар мавзӯи “Оилаи солим - асоси пойдории ҷомеа” чорабинӣ доир шуд. Ин ташаббус ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, инчунин масъулини ташкилоти ҷамъиятии “Сарчашма” иштирок намуданд.

Маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз мавзуъҳои меҳварии чорабинӣ буд.

Перомуни мавзуъҳои болозикр маърӯзаҳо ироа гардид.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯён дар васфи арзишҳои оилавӣ бо забонҳои хориҷӣ шеъру гуфторҳо қироат ва саҳначаи тарбиявӣ манзур гардид.

Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ