Ҷашни Сада мужда аз Наврӯз аст
Таҳти ин унвон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бахшида ба ҷашни Сада бо иштироки васеи устодону донишҷӯён чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намоиши тухмии зироат, анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.
Чорабиниродотсент Муқаддас Шарифиён - декани факултет ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми форсзабонон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукуҳ, бо шодию сурур, оташафрўзӣ, рақсу таронаҳо, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд.
Бахтиёр Шомирзоев – мудири шӯъбаи тарбия ба сухан баромада иброз дошт, ки бо иқдоми шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардид ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд.
Сипас, Дилрабо Мансурова - муаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада маъруза ироа намуд. Зикр шуд, ки Сада аз сипарӣ шудани зимистон, ва наздик шудани фасли баҳор, оғози корҳои кишоварзон мужда медиҳад. Дар гузашта сокинон барои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузурге меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.
Дар қисми фарҳанги чорабинӣ донишҷӯён бо суруду намоишҳо табъи иштирокчиёнро болида намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил