Ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид

Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни Сада дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, масъулину намояндагони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро дар иртибот бо ҷашни Сада табрик гуфта, аз махсусият ва расму русуми ин ҷашни аҷдодӣ таъкид дошт.

Профессор Аюб Усмонзода зикр дошт, ки эҳёи суннатҳои аҷдодӣ ва ҷашнҳои миллӣ, ки ба рушди фарҳанг ва таҳкими нуфузи давлат нақши муассир мегузоранд, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, бо ибтикори созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ҷашнҳои миллӣ, иди Сада низ аз нав бо тамоми расму оин ва махсусиятҳояш эҳё шуд. Дар доираи ин ташаббус ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру илова ворид гардида, санаи 30-юми январ дар ҷумҳурӣ Ҷашни Сада эълон гардид.

Номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи устодону донишҷӯёни донишгоҳ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ расонид.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки суннату ойини нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор рафта, моҳияти ин ҷашнро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳад. Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад.

Дар идома барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардид, ки ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати баланд эҳдо намуд.

Хотиррасон менамоем, ки феълан ҷиҳати сазовор истиқбол намудан аз ҷашни Сада дар тамоми факултетҳои донишгоҳ силсилаи чорабиниҳо идома доранд, ки ҷамъомади фарҳангӣ, адабӣ, маҳфилҳои тарбиявӣ ва семинару конфронс аз зумраи ин ташаббусҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ