Ҷашни истиқлол муборак!

Устодони азиз,

Донишҷӯёни гиромӣ!

Имсол ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзҳое ҷашн мегиранд, ки аз таъсисёбии ин боргоҳи бонуфузи илму маърифат 90 сол пур мешавад. Аз ин ҷост, ки дар донишгоҳи азизи мо ид болои ид буда, устодону донишҷӯён тамоми дониш, маҳорат ва нерӯи худро ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин санаҳои фархунда равона доранд ва бо рӯҳияи идонаву илҳоми тоза дар самти ноил гардидан ба дастовардҳои шоиста устуворона қадам мегузоранд.

Хурсандибахш аст, ки имсол аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди олии халқи тоҷик маҳсуб меёбад, 31 сол пур шуд.

Истиқлол, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ ва тобеият насиби мардуми тоҷик гардид, рӯйдоди муҳими таърихӣ ва падидаи нодир маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатӣ бори дигар таъкид намуданд, ки аз файзи истиқлоли давлатӣ мардуми мо зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонданд. "Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шуда, кишвари мо дар арсаи ҷаҳон эътироф гардид ва муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд".

Воқеан истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти халқи тоҷик таҳаввулоти тозаву муҳимро асос гузошта, ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заминаи мусоид фароҳам овард.

Халқи тоҷик бо шарофати ин рӯйдоди таърихӣ, агар аз як тараф, баъд аз даҳ аср соҳиби давлати мустақил ва рамзҳои давлатӣ гардид, аз ҷониби дигар ҳамчун миллати тамаддунсозу ташаббускор дар миқёси ҷаҳон шинохта ва эътироф шуд.

Ба таъбири дигар, чуноне ки Роҳбарии олии мамлакат зикр доштанд, истиқлол Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид.

Маҳз аз самараи ин дастоварди миллӣ имконияти таърихӣ фароҳам омад, ки халқи тоҷик иқтидори зеҳнӣ, нерӯ ва тавоноии худро бо ташаббусҳои нодири сатҳи байналмилал барои сокинони ҷаҳон муаррифӣ созад.

Истиқлол дар баробари таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин замина фароҳам овард, ки дар мамлакат соҳаи илму маориф ба марҳилаи рушди бесобиқа ворид гардида, дар ин самт дастовардҳои арзанда рӯйи кор оянд.

Дар ин замина, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чун яке аз муассисаҳои олии бонуфузи мамлакат маҳз дар замони истиқлол ба музаффариятҳои тоза ноил гардид, ки аз дастгирӣ, ғамхорӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Имрӯз фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 82 кафедра ба роҳ монда шуда, феълан аз рӯи 99 ихтисос мутахассисони ҳирфаӣ тайёр мешаванд.

Ҳамакнун шумораи донишҷӯёни донишгоҳ марзи 25 ҳазорро убур мекунад, ки нисбат ба соли 1998 ду маротиба бештар аст.

Муҷаҳҳаз гардонидани 30 лаборатория, таҳкими базаи моддиву техникии донишгоҳ, таъсиси 15 ихтисоси наву замонавӣ, ташкили 7 Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, қабули «Барномаи дурнамои тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ барои солҳои 2021-2025», нашри беш аз 1000 адад асару монография ва беш аз 12 ҳазор мақолаҳои илмии устодон давоми панҷ соли охир дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби Комиссияи олии атеттатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бақайдгирифташуда аз қадамҳои устувори ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба сӯйи рушд аст, ки аз файзи истиқлол маншаъ дорад.

Устодон ва донишҷӯёни арҷманд!

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави сиёсати созандаи Роҳбари олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташаббус дорад, ки рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнҳои миллиро бо иқдоми тоза ва пирӯзиҳои навин истиқбол намояд.

Басо рамзист, ки имсол низ дар арафаи таҷлил аз Рӯзи истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти донишгоҳ силсилаи воқеаҳои фараҳбахше ба вуқуъ пайвастанд, ки ба рушду пешрафти фаъолияти донишгоҳ заминаи мусоид ва имконияти арзанда фароҳам меоранд.

Аз ҷумла, ифтитоҳи корҳои сохтмонии бинои 9 ошёнаи таълимии донишгоҳ аз зумраи чунин рӯйдоди фараҳбахш аст, ки дар асоси дастуру ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки бунёди бинои нави таълимӣ бо мақсади муттаҳид намудани тамоми воҳидҳои сохтории донишгоҳ ва ташкили маҷмааи комили таълимиву илмӣ, тарбиявиву варзишӣ дар канори биноҳои таълимии №1 ва 2-и донишгоҳ ба роҳ монда шуда, сохтмони бино дар 9 ошёна пешбинӣ шудааст.

Дигар аз пайки нек дар арафаи Рӯзи истиқлол дар ҳаёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин сазовор гардидани як қатор устодони соҳибноми донишгоҳ ба мукофотҳои давлатӣ - Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Шараф, дараҷаи II, медали Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки натиҷаи меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба касби пуршарафи омӯзгорист.

Итминони комил дорем, ки ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ дар партави нури истиқлол сӯйи музаффариятҳои тоза қадамҳои устувор гузошта, ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму маориф, дар маҷмуъ рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Ҷашни Истиқлол муборак!


Бо камоли эҳтиром

ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

профессор Усмонзода Аюб Ислом

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ