Асарҳои Пешвои миллат роҳнамои имрӯзу фардо

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология хониши сиёсӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултет зери унвони “Асарҳои Президент роҳнамо ва роҳкушои миллати мо” ташкил ва баргузор гардид.

Нахуст, декани факултет Хайриҷон Ҷӯраева ба чорабини ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки мӯзиши асарҳои Пешвои миллат дар мавриди тарбияи ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо густариш додани худшиносии миллӣ, ватанпарвариву ваҳдатгароӣ беназир аст. Сипас, дотсент Саидмаҳмад Олов дар бораи осори пурғановати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, аз корнамоиҳо, ҷонфидоиҳо ва заҳмату талоши Пешвои миллатро оид ба даст овардани сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистонро ибрози назар намуд.Зикр гардид, ки Пешвои миллат бо таълифи асарҳои арзишманди хеш насли имрӯзаро даъват менамояд, ки аз корномаи гузаштагон ибрати ватандорӣ омӯзанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ