​Асарҳои Пешвои миллат - дастурамали тарбия барои ҷавонон

Бо ташаббуси кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Асарҳои Пешвои миллат- дастурамали тарбия барои ҷавонон” – “The books of the Leader of the Nation on status of up-bringing” чорабинӣ доир шуд.

Чорабинии мазкур дар хобгоҳи духтаронаи №3 баргузор гардид. Дар чорабинӣ асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуда, донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ иқомат доранд бо онҳо аз наздик шинос гардиданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ дар навбати худ оид ба зиндагинома ва асарҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони англисӣ маълумоти мухтасар дода, бо муаррифӣ баромад намуданд.

Ҳамзамон, шеърҳо дар васфи Тоҷикистон қироат гардида, оид ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ба даст овардани сулҳ вав заҳмату хидмати Пешвои миллат ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ навор пешкаши ҳозирин гардид.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бо забони англисӣ ва тоҷикӣ дар васфи Пешвои миллат дар иҷрои донишҷӯён сурудҳо сароида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ