​Артиши миллӣ - таҷассумгари муҳимтарин рукни давлатдорӣ

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, омодагии ҷавонон барои хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори Рўзи Артиши миллӣ таҷрибаомӯзони курси 4-уми ихтисоси таърих ва ҳуқуқи шӯъбаи рӯзонаи факултети таърих ва ҳуқуқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №23-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровчорабинии илмӣ - амалӣбаргузор намуданд.

Директори муассиса М. Холшехов ба чорабинӣ оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Сипас, таҷрибаомӯзПардаева Дилафрӯз дар мавзӯи “Аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”маърӯза ироа намуд.

Гуфта шуд, ки эҳёи Артиши миллӣ дар шароити давлатдории миллии тоҷикон таҷассумгари муҳимтарин рукни давлатдории ниёгонамон дар дарозои таърих мебошад.

Баъдан хонандагони синфҳои болои бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ байни худ викторина дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан қарзи фарзандист!” баргузор намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби садорати факултет баҳри соҳибилм ва соҳибтаҷриба гаштани донишҷӯён чорабиниҳои муфид гузаронида мешавад.

Дар хотима иштирокичиёни фаъол бо сипоснома қадрдонӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ