​Артиши миллӣ - сипари боэътимоди Ватан

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология бахшида ба таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини тарбиявӣ таҳти унвони “Тарбияи ватанпарастӣ” бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро Файзулло Аҳадов – муовини декан оид ба тарбияи ифтитоҳ намуда, қайд дошт, ки саҳми Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар таъмини амнияту якпорчагии давлат, ҳифзи марзу буми он басо назаррас аст. Артиши миллиро кафили зиндагии осуда ва босаодати сокинони кишвар арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки ҳоло Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба артиши тавоно ва замонавӣ табдил ёфта, бо техникаи ҳарбии пурқувват, иншоот ва таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз таъмин гардидаанд.

Дар хотима донишҷӯён оиди ҳифзи марзу буми кишвар шеърҳо қироат намуда, саҳначаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ