Артиши миллӣ-сипари боэътимод!

Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети забонҳои Шарқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Баъди садо додани суруди миллӣ дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогӣ Матлуба Умарова ҳозиринро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи зиёда аз 31- соли фаъолият рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз бо заҳмату талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва ба ҳомии фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз содиқона хидмат намуда истодаанд.

Дар идома мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогӣ, дотсент Шӯҳрат Кучибоев маърӯза намуда, афзуд, ки ин ҳама талошу заҳматҳо, ки барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва осудагии ҳаёти мардум равона гардида буданд, рамзи садоқат ба давлату миллат ва эҳтиром ба сокинони он буд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ аз худ нишон доданд.

Ҳамчунин дар интиҳо донишҷӯёни курсҳои якуми ихтисоси “Хитойӣ-арабӣ” барномаҳои ҷолиби консертӣ, шеъру суруд ва саҳнаҳои ҷолибпешниҳод намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ