​Арҷгузорӣ ба хидмати арзанда

Дар толори факултети санъат бахшида ба фаъолияти эҷодии мудири кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ дотсент Ашўров Муқим чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он мушовири ректор дотсент Маҳмадшоев Маҳмадшо, декани факултет, мудирони кафедра ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Декани факултет достент Шарипова Гулчеҳра дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ашўров Муқим суханронӣ намуда, аз хидматҳои мавсуф дар самти таълиму тарбияи донишҷӯён таъкид намуд.

Мушовири ректори донишгоҳ Маҳмадшоев Маҳмадшо паёми табрикотии раёсати донишгоҳро ба самъи соҳибҷашн расонида, доир ба дастовард ва корҳои эҷодии дотсент Ашӯров Муқим ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки саҳми дотсент Ашӯров Муқим дар ҷодаи тадрис ва таълиму тарбияи насли ҷавон, инчунин дар пешрафт ва ташаккули анъанаҳои беҳтарини санъати тасвирии тоҷик басо назаррас мебошад. Номбурда ҳини фаъолият дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар байни устодон ва донишҷўён, дар ҳалқаи эҷодкорон ва мутахассисони санъати тасвирӣ шинохта шуда, дар муддати на чандон тўлонӣ на танҳо ба сифати омўзгор, инчунин ҳамчун эҷодкор, педагоги барҷаста ва муаллифи асарҳои гаронарзиши санъати тасвирӣ шинохта шуданд, ки натиҷаи заҳматҳои суботкорона ва донишу малакаи ҳунарии мавсуф унвон мешавад.

Ҳамзамон, чанде аз ҳамкорону дӯстон ба сухан баромада, дар бораи рафтору кирдор ва хидматҳои наҷиби соҳибҷашн хотироти худро ироа доштанд.

Барномаи фарҳангӣ бо иштироки устодони факултети санъат - Самаридинзода Сироҷидин, Солиев Сардор ва Ҳалимҷон Салимӣ ба чорабинӣ ҳусни бештар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ