​Анҷумани саодати миллат

Таҳти ин унвон бо иқдоми омӯзгорони кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилотӣ дар хобгоҳи № 1 чорабинӣ доир гардид. Ин ташаббус бахшида ба рӯзи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Таъкид гардид, ки яке аз санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши тақдирсоз дорад.

“Моҳи октябри соли 1992 пас аз вохӯрӣ бо нерӯҳои халқӣ, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват кардани Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ қарор қабул намуд. Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард” – зикр шуд дар чорабинӣ.

Донишҷӯён дар бораи нақши Иҷлосияи тақдирсоз, сулҳу ваҳдат, Рӯзи Президент шеъру гуфтор қироат намуда, саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ