​Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст

Бо мақсади шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ ва имкониятҳои мусоиду муосир донишҷӯёни факултети филологияи рус ба Китобхонаи илмии донишгоҳ ташриф оварданд. Ин ташаббусро омӯзгорони кафедраи инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русӣ – Муҳидинова, Яҳёева, Бадалова анҷом дода, ба он донишҷӯёни соли авввали факултетро ҷалб намуданд.

Дилбар Самадова, директори Китобхонаи илмии донишгоҳ ба донишҷӯён оид ба таърихи китобхона ва сатҳи хизматрасонӣ иттилоъ дод.

Хабар дода шуд, ки феълан дар Китобхонаи илмии донишгоҳ шаш шуъба фаъолият намуда, барои таъмини шароити арзанда ба муштариён аз тамоми имкониятҳо истифода мешавад.

Гуфта шуд, ки дар Китобхонаи илмии донишгоҳ барномаи картотекаи электронӣ ташкил шуда,рӯйхати ҳамаи китобҳо ба барнома ворид шудааст. Айни ҳол феҳристикитобҳои мавҷуда дар ин шуъба зиёда 83 000 ададро ташкил медиҳад. Ҳар як хонанда худ метавонад тавассути феҳристи электронӣ китобҳои лозимаи худро интихоб намояд ва дар фурсати кӯтоҳтарин онро аз хазина бигирад.

Ҳамзамон, доир бамаҳфилҳое, ки дар назди китобхона амал мекунад, маълумот манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ