​Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳоли рушд аст

Ҳамкориҳои судманди илмиву таълимӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Донишгоҳи давлатии Фарғона дар ҳоли рушд буда, байни ин донишгоҳҳо якчанд шартнома ва меморандумҳо ба имзо расидаанд.

Тибқи созишномаҳои ба имзорасида дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Фирӯза Қаюмова ба таълими фанҳои тахассусӣ машғул ҳастанд.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин тадбирҳо дар оянда низ тибқи созишномаи ҷонибҳо, ҷиҳати табодули таҷрибаи пешқадам роҳандозӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкориҳои Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳоли рушд қарор дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ