​Ҳамкории судманди факултети телекоммуникатсия ва ТИ бо ширкати АНТ

Дар озмоишгоҳи факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттиллоотӣ бо иштироки мутахассисони ширкати телевизионии АНТ намоиши таҷҳизотҳои муосири телевизионӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдом тарзи пайвастшавӣ ба шабакаи телевизионии АНТ тавассути таҷҳизотҳои сайёраҳои сунъӣ ва имконоти он намоиш дода шуд. Инчунин, роҳҳои истифодабарии таҷҳизотҳои ченкунӣ, ки дар озмоишгоҳ мавҷуд аст, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар чорабинӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ ва дар рӯзҳои наздик баргузор намудани намоиши васеъи имкониятҳои таҷҳизотҳои муосир бо ҷалби донишҷӯёни курсҳои болоӣ мувофиқа шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти ширкати телевизионии АНТ ваъда дода шуд, ки барои пешрафти фаолияти таълимии озмоишгоҳи донишгоҳ таҷҳизоти муосир тӯҳфа карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ