​Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ барои татбиқи низоми босалоҳият ва усулҳои фаъоли таълим

Таҳти чунин унвон дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи илм” дар факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси устодони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки садорати факултет, мудирони кафедра, устодон ва донишҷӯён гузаронида шуд. Ҳамоишро мудири кафедра, дотсент Муҳаббат Тиллохоҷаева ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо мақсаду ҳадафи ташкили он шинос намуд.

Сипас, декани факултет доктори илмҳои филологӣ, профессор Замира Ӯлмасзода ҳафтаи илмро барои устодону донишҷӯёни факултет табрик гуфта, ҳозиринро бо нақшаи чорабиниҳои илмӣ дар доираи ҳафтаи илм ошно намуд. Таъкид намуд, ки ҳамарӯза бо ташаббуси кафедраҳои факултет чорабиниҳои илмӣ доир мегард, ки дар он муҳимтарин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар идома профессор Абдусаттор Абдуқодиров дар мавзуи “Низоми салоҳиятноки таълим – талаби айём” маърӯза намуд. Номбурда вижагиҳои салоҳиятнокӣ омӯзгор ва хонанда маҳсуб ёфтани ҳадафи асосии салоҳиятнокиро дар омӯзиши барномаи таълим ва китобҳои дарсӣ, шинохти маънову мавқеи воҳидҳои луғавӣ шарҳ дода, маҳорати суханварӣ ва коркарди ҳаматарафаи матнро заминаи салоҳияти коммуникативии омӯзгорон маҳсуб донист.

Дотсент Шоира Пӯлодова дар мавзуи “Муҳиммияти татбиқи муносибати босалоҳияти таълим дар дарсҳои адабиёти тоҷик”, Раҳимова М. сармуаллими кафедра дар мавзуи “Татбиқи низоми босалоҳияти таълим зимни таҳлили порчаҳои манзум” гузориш ироа намуданд.

Дотсент Сорбон Азизов – муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултет кори конфронсро мусбат маънидод кард.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси 7 кафедраи факултети филологияи тоҷик силсилаи чорабиниҳои илмӣ то анҷоми ҳафта идома ёфта, тадбирҳои мазкур ҷиҳати афзудани нерӯи илмӣ ва тавфиқу камоли донишҷӯён муҳим арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ