/АМИТ «Ховар»/. «Тақвияти ватандӯстӣ – омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити таҳдидҳои замони муосир»-таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хониши сиёсӣ доир гардид.
ДУШАНБЕ, 25.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Тақвияти ватандӯстӣ – омили муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити таҳдидҳои замони муосир»-таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров хониши сиёсӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, вохӯрӣ ҷиҳати фаҳмонидани аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» доир шуд.
Иброз гардид, ки ин мавзуъ хеле муҳим буда, бе суботи сиёсӣ пешрафтҳо дар ҳаёти ҷомеа ғайриимкон мебошанд. Маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳуриамон суботи сиёсӣ ба амал омад ва Тоҷикистон солҳои Истиқлоли давлатӣ ба пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ ноил гардид.
Таъкид гардид, ки мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя менамоянд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус буда, ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Ҳамчунин чунин мулоқот ҷиҳати фаҳмонидани моҳият ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бо намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо устодону донишҷӯён таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояи давлатдории миллӣ» баргузор шуд.
Иброз гардид, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷумлаи ибтикороти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, ба сиёсати дурбинонаву хирадгароёнаи Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон робитаи амиқ дорад.
Дар вохӯрӣ хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷомеаи муосир таъкид гардида, гуфта шуд, ки дар шароити кунунӣ шабакаи интернет афзалияти бемаҳдудро соҳиб буда, ҷомеаро бо якчанд мушкилиҳо рӯ ба рӯ намудааст. Дар байни онҳо ҷиноятҳои иттилоотию коммуникатсионӣ яке аз мушкилиҳои асосӣ ба шумор рафта, мубориза бо онҳо амали саривақтӣ ва хеле зарурӣ аст.
Чунин силсилавохӯриҳо давоми соли хониш бо ҷалби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоту ташкилоти дахлдор мунтазам идома меёбанд.