​АМИТ «Ховар»​: КОНСТИТУТСИЯ — КИТОБИ САРНАВИШТСОЗ. Орзуву армон ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми тоҷик дар он таҷассум ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-поягузори давлатдории муосири миллӣ»- таҳти чунин унвон 1 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар ин хусус хабар ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Ректори донишгоҳ Аюб Усмонзода иброз дошт, ки дар таърихи халқи тоҷик 6 ноябри соли 1994- Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи муқаддас ва оғози марҳилаи комилан нави давлату давлатдории тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, ки ҳамасола ин рӯзро тамоми мардуми Тоҷикистон бо ифтихору шукргузорӣ ҳамчун иди миллӣ истиқбол менамоянд. Қабули ин санади муқаддас сохти давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асос гузошт. Конститутсия китоби сарнавиштсоз буда, таҷассумгари орзуву ормонҳо ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми тоҷик мебошад.

«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият ва тартиби татбиқи он» ва «Конститутсия кафили баробарҳуқуқии мардон ва занон дар давлат»- дар ин мавзуъҳо аз ҷониби устодони донишгоҳ маърузаҳо ироа гардида, таъкид шуд, ки қабули Конститутсия барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ