АМИТ «Ховар»: Д​ар ДДХ бо мақсади баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии ҷавонон машварати омўзишӣ баргузор шуд

Октябрь 29, 2023 10:51

ДУШАНБЕ, 29.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон бо иштироки васеи устодону донишҷӯён машварати омӯзишӣ дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Машварат ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия, пешбинии чорабиниҳои мушаххас дар самти пешгирии ин кирдори номатлуб, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии воҳидҳои сохторӣ, мубодилаи таҷриба ва такмили савияи дониши кормандон арзёбӣ гардид.

Таъкид гардид, ки дар ҷомеаи ҷаҳони муосир коррупсия яке аз мушкилоти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, ба рушди устувори давлатдорӣ ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа – иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, нақлиёт, ахлоқ ва оромии ҷумҳурӣ зарари манфӣ мерасонад ва мубориза беамон бо ин падидаи номатлуб амали дастҷамъона мебошад. Аз ҳамин лиҳоз ҷиҳати пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул гардид.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои зиддикоррупсионӣ байни ҷомеа ва хосатан ҷавонон аз ҳадафҳои муҳими баргузории машварат маънидод гардид.

Маърузачиён доир ба чораҳои муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ба ин восита поён бурдани сатҳи шиддати коррупсия ва татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ибрози назар намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ