​Ҷамъбасти семинари омӯзишӣ оид ба тафаккури интиқодӣ

Семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Тафаккури интиқодӣ: муаммо ва ҷустуҷӯ”, ки барои як гуруҳ омӯзгорони донишгоҳ бо иқдоми шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид. Дар рӯзи охирони семинар ба иштирокчиён усулҳои истифодаи методҳои ташаккули тафаккури интиқодӣ дар доираи дарс омӯзонида шуд.

Ҳамзамон, омӯзгорон ба гуруҳҳо тақсим шуда, машқҳои амалӣ гузарониданд, ки дар он роҳҳои шикастани стереотипҳо, ки ҷиҳати рушди тафаккури интиқодии донишҷӯ монеа мешавад, нишон дода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки семинари мазкур бо мақсади таҳкими маҳорати педагогии омӯзгорон, таъмини инкишоф ва ташаккули тафаккури интиқодии онҳо ва ба ин васила муосидат ба пешрафти раванди таълим роҳандозӣ гардида, давоми 4 рӯз давом ёфт.

Интизор меравад, ки ба иштирокчиёни семинар рӯзҳои наздик дарт доираи маросими ҷамъбастӣ сертификат супорида хоҳад шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ