​Ҷамъбасти озмуни “Хобгоҳи беҳтарин”

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмуни “Хобгоҳи беҳтарин, ошёнаи беҳтарин ва ҳуҷраи беҳтарин” ҷамъбаст гардид. Ин озмун ҳамасола бо ташаббуси бахши кор бо занон ва духтарони шуъбаи тарбия роҳандозӣ гардида, миёни 3 хобгоҳи духтаронаи донишгоҳ сурат мегирад.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар озмуни мазкур 12 ҳуҷра, 3 ошёна ва 1 хобгоҳ беҳтарин дониста шуданд.

Мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Маҳмудзода Бахтиёр дар маросими ҷамъбасти озмуни мазкур иштирок намуда, ҳадаф аз ин иқдомро тарбия намудани ҷавондухтарон дар руҳияи зебоипарастӣ, равона кардани онҳо ба зиндагии шоиста, ободу тоза нигоҳ доштани манзили зист, тайёр намудани донишҷӯдухтарон ба ҳаёти мустақилона ва ҳунаромӯзӣ унвон намуд.

Аз ҷониби масъулин ба ғолибон туҳфаҳои раёсати донишгоҳ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ