Ҷамъбасти озмун-мусобиқаи «шоҳмот»

Бо ибтикори кафедраи анализи математикӣ ба номи А.Муҳсинови факултети математика бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» озмун-мусобиқаи «шоҳмот» байни гурӯҳҳои академикии факултет гузаронида шуд.

Мақсад аз гузаронидани озмун-мусобиқа бедор намудани шавқу ҳавас ба фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, ҳисси кунҷкобӣ ва ҳозирҷавобӣ дар ботини донишҷуён маънидод гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки озмун-мусобиқа аз рӯи бахшҳои фанҳои табиӣ, фанҳои дақиқ ва фанҳои риёзӣ гузаронида шуд.

Дар бахши якум аз фанҳои биология ва география, дар бахши дуюм аз фанҳои физика ва химия, дар сеюм аз фанни математика саволҳо пешниҳод карда шуда,ба гурӯҳҳо вақти муайян дода мешуд, то ки ҷавоби худро пешниҳод намоянд. Дар гурӯҳҳо 8 нафари иштирок намуда, ба ҳар як ҷавоби дуруст 5 холл ва ба посухҳои нодуруст як нафар донишҷӯ бозиро тарк менамуд. Бо ба даст овардани холҳои баландатарин ба даври ниҳоии озмун-мусобиқаи «шоҳмот» гурӯҳҳои академикии 301а ва 203а роҳ ёфтанд.

Дар натиҷа гурӯҳи 203а ғолиби озмун-мусобиқаи «шоҳмот» дониста шуд. Ғолибони озмун-мусобиқа бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии садорати факултет қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ