Ҷамъбасти мусобиқаҳои футболи хурд ва волейбол байни донишҷӯён

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-ум то 6-уми ноябри соли равон мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва волейбол байни донишҷӯёни донишгоҳ ташкил ва баргузор гардид.

Даври ниҳоии мусобиқаи футбол байни дастаҳои факултети тарбияи ҷисмонӣ ва факултети забонҳои шарқ баргузор шуда, мусобиқа ба манфиати дастаи факултети тарбияи ҷисмонӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт.

Мувофиқи натиҷаи мусобиқа дастаи факултети забонҳои шарқ ба гирифтани мақоми 2-юм ва дастаи факултети филологияи рус сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар давраи ниҳоӣ мусобиқаи волейбол байни донишҷӯдухтарон бошад мақоми аввалро факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус касб намуда, ҷойҳои дуюму сеюмро факултети физикаю техника ва филологияи ӯзбек соҳиб гардиданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи волейбол байни донишҷӯписарон факултети тарбияи ҷисмонӣ сазовори ҷойи якум, мақоми 2-юм факултети физикаю техника ва ҷойи сеюмро факултети иқтисодӣ касб намуданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки мусобиқаи футболи хурд ва волейбол байни донишҷӯёни донишгоҳ давоми ҳафтаи равон ташкил гардид, ки донишҷӯёни тамоми факултетҳои донишгоҳ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ