​Ҷамъбасти даври якуми олимпиадаи фаннӣ дар донишгоҳ

Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ профессор Исломзода Аюб Усмон бо мақсади дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдоду болаёқат ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз санаи 24-уми октябр то 31-уми октябри соли 2022 дар сатҳи факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳии донишгоҳ даври якуми олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид.

Дар даври якуми олимпиада зиёда аз 600 нафар донишҷӯ аз рӯи тахассус ва фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забон ва адабиёти рус, таърихи халқи тоҷик, ҳуқуқ, математика, физика, астрономия, химия, биология, экология, география, геология, назарияи иқтисодӣ, технологияҳои иттилоотӣ, сиёсатшиносӣ, фалсафа, педагогика, психология, журналистика, забони олмонӣ, забон ва адабиёти узбек, фарҳангшиносӣ, информатика, санъати тасвирӣ, тарбияи ҷисмонӣ, сурудхонӣ, навозандагӣ, рассомӣ, психологияи томактабӣ, педагогикаи томактабӣ, забони арабӣ, забони хитоӣ иштирок ва донишозмоӣ намуданд.

Факултетҳова кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ғолибони даври якуми олимпиадаро муайян намуда, ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ- педагогии раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи дуюми олимпиадаи фаннӣ аз санаи 21-уми ноябр то 30-юми ноябри соли 2022 ташкил ва гузаронида мешавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ