​Ҷамъбасти ҳафтаи забони чинӣ

Дар факултети забонҳои шарқ ҷамъбасти ҳафтаи хитойӣ тантанавор баргузор гардид. Меҳмонони чорабинии имрӯза директори Институти Конфутсий ҷаноб Рен Гентян, муовини директори Институти Конфутсий ҷаноб Менг Сянхай, профессор Ма, ки маҳз бароитакмили ихтисоси омӯзгорони забони чинӣ, як қатор кормандони корхонаи тиллотозакунии “ТБА Айнӣ”, мудири шӯъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Гузал Мирсаминова, дотсент Ислом Раҳимов - декани факултети забонҳои шарқ, дотсент Марҳабо Қосимова - мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ, дотсент Рашидова Дилафрӯз - мудири кафедраи забони англисӣ ва як қатор устодону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.

Дар оғоз зикр гардид, ки дӯстии байни Тоҷикистону Чин аз давраҳои таърихи беш аз дуҳазорсола манша гирифта, таҳкими ҳамкориҳои судмандро дар заминаи чорабиниҳои имрӯза арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки ки Тоҷикистону Чин ҳамсояҳои қарин буда, дурнамои ҳамкорӣ миёни ин ду кишвари ҳамҷавор нек ба назар мерасад.

Сипасм, хор дар иҷрои донишҷӯён иҷро гардида, ҳамзамон Суруди миллии Тоҷикистон ва Чин сароида шуд, ки ин бозгӯкунандаи рамзи дӯстии ду кишвар буд.

Дар идома рақсу сурудҳои чинӣ, маросими чойи чинӣ, бозиҳои шавқовар, маърӯза дар бораи хонадоршавии чиниён ва филми ҳунарӣ дар иҷрои донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин, анъанаҳои неки фарҳанги миллии Тоҷтикистону Чин аз ҷониби донишҷӯён ба иҷро расонида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки мардуми ин кишварҳо бояд дӯстию бародариро, ки ба шарофати Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз давраҳои қадим ба мерос мондааст, идома диҳанд.

Дар интиҳои чорабинӣ ғолибони озмунҳо ва иштирокчиён фаъол дар доираи ҳафтаи забони чинӣ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ