​Ҷамъбасти ҳафтаи илм дар факултети физикаю техника

Дар ҷараёни ҳафтаи илм дар факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобҷон Ғафуров бо ширкати устодону донишҷӯён озмуну маҳфилҳои илмӣ-амалӣ ва муаррифии дастовардҳои устодону донишҷӯён баргузор гашт.

Иттлоъ дода шуд, ки дар маҳфилу семинари илмӣ-назариявӣ ва амалӣ, ки давоми ҳафта баргузор гардиданд муҳимтарин масъалаҳои физикӣ, аз қабили технологияи муосир, истифодаи манбаҳои энергия аз ҷониби устодону донишҷӯён мавриди баррасии густарда қарор гирифт.

Дар ҷамъбаст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Диловар Саидзода ширкат варзида, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузории силсилачорабиниҳои илмӣ баҳои баланд дод. Зикр шуд, ки чунин тадбирҳо дар таҳкими донишҳои назариявии донишҷӯён ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқи замина мегузорад.

Ҳамчунин устодон ва донишҷӯёни фаъол бо диплому сипосномаи садорати факултет қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ