​Амали хайр ба мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ ҷиҳати тадбиқи сиёсати оқилонаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки амалҳои хайру эҳсонкориро роҳандозӣ намоянд.

Донишҷӯёни курси якуми факултети математика, гурӯҳи 103в бо роҳбарии устоди кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳрорҷон Убайдуллоев ба Комплекси кӯдакистон - мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо барномаи махсуси фарҳангию тарбиявӣ табъи тарбиятгирандагонро болида намуданд.

Баъди қисмати фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯён ба кӯдакони имконияташон маҳдуд тӯҳфаҳо, аз қабили маводи хониш ва шириниҳо тақдим карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ