Ҳалли масъалаҳои геометрӣ бо истифодаи ададҳои комплексӣ

Дар кафедраи алгебар ва геометрияи факултети математика маҳфили намунавии илмии донишҷӯёни таҳти унвони «Ҳалли масъалаҳои геометрӣ бо истифодаи ададҳои комплексӣ»ташкил ва гузаронида шуд. Дар маҳфил декани факултет, дотсент Дилшод Музафаров, муовинони деакан, мудирони кафедра, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфили донишҷӯён иштирок намуданд.

Маҳфилро Сардор Ҳомидов - роҳбари маҳфил ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки баргузории чунин маҳфилҳо дар ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ таҳқиқоти мусоидат намуда, ба ин васила мо метавонам дар татбиқ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ дар рушди фанҳои дақиқ саҳмгуҳор бошем.

Сипас, Дилафрӯз Адашева - донишҷӯи соли 3-юми ихтисоси математика маъруза намуда, амалан ҳалли масъалаҳои геометрӣ бо истифодаи ададҳои комплексӣ дар тахтаи синф нишон дод.

Дар фарҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ