​Ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ

Таҷрибаомӯзӣ барои мустаҳкам намудани донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани маҳорату малакаҳои касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобкардаи онҳо равона мешавад. Раванди таҷрибаомӯзӣ қисми асосии ҷараёни таълим маҳсуб ёфта, барои баланд бардоштани маҳорати касб дар асоси омӯзиши таҷрибаи кории фаъолияти муассиса мусоидат мекунад. Дар робита ба ин дар факултети иқтисодӣ конфернсия оид ба сафарбар намудани донишҷӯёни курси 4 шӯъбаи рӯзона баргузор гардид.

Нахуст декани факултет дотсет Манзура Нуриддинова баромад намуда қайд дошт, ки таҷрибаомӯзӣ яке аз рукнҳои муҳими омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ба ҳисоб меравад. Ҳар қадар ки таҷрибаомӯзӣ дар сатҳи баланд ташкил гардад, ҳамон қадар заминаи малакаву маҳорати касбӣ устувор мегардад.

Зимни чорабинӣ роҳбарони таҷрибаомўзӣ хатмкунандагонро бо барномаи таҷрибаомӯзӣ, рафти пур кардани рўзномаҳо ва дигар раванди таҷрибаомӯзӣ шинос намуданд.

Гуфта шуд, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ташкилотҳои қарзӣ гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ