Ҷаласаи Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ

Дар толори раёсати донишгоҳ таҳти раёсати муовини ректор оид ба илм ва инновастия, профессор Хайрулло Сабурӣ ҷаласаи Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо иштироки муовинони декани факултетҳо оид ба илм ва инноватсия ва мудирони шуъбаҳои магистратура, докторантура, шуъбаи омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, директори Институҳои илмӣ ва парки технологӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳайати Шўрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Нақшаи кори Шўрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, нақшаи кории раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ, шуъбаҳои докторантура ва магистратура, табъу нашр, китобхонаи марказӣ, Парки технологӣ, Институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва Шўрои олимони ҷавон барои солҳои 2021-2022 баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Дар идома се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Нахуст,мудири шуъбаи магистратура Усмонова М. баромад намуда, оид ба фаъолияти шуъбаи магистратура маълумот дод. Сипас, Абдураҳимова М. - муовини декан оид баилм ва инноватсияи факултети геоэкология, Абдукаримов Ҷ. - муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети таърих ва ҳуқуқ ҳисобот доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ