​Ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ

Дирӯз ҷаласаи Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳайати аъзои ҷаласаҳои Шӯрои олимон, Раёсат, Раёсати хурди назди ректор, Комиссияи озмунӣ ва нақшаи кории ҷаласаи Шӯрои олимон ва Нақшаи солонаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои соли таҳсили 2021-2022 тасдиқ гардид.

Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ: дурнамо ва мушкилот дар факултети санъат идомаи масоили баррасишавандаи Шӯро буд.

Раиси Шӯро, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бо истифода аз усулҳо ва воситаҳои техникии таълим, ва дар ин замина, баланд бардоштани маҳорату малакаи устодон, ҷалби бештари олимони ҷавон ба лоиҳаҳои грантӣ, аз такмили ихтисос гузаронидани устодон, омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз таҷҳизоти аудиовизуалӣ ва ғайра ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идома, барои хизматҳои назарраси меҳнатӣ, саҳми арзанда дар тарбияи ҷавонон, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятию фарҳангӣ, фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ ва ҳамчунин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устодони факултети санъат– Умар Алиев, Бахтиёр Саидкаримов ва Насиба Амонбоева бо Сипосномаи донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ