​Ҷаласаи Шурои олимон: сатҳу сифат ва самаранокии равандҳои фаъолият баррасӣ шуданд

Дируз дар толори раёсати донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шурои олимони донишгоҳ доир гардид. Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода ҷаласаро ифтитоҳ ва қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва протоколҳои ҷаласаҳои назоратии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ин навбат дар доираи ҷаласаи Шурои олимон сатҳу сифат ва самаранокии равандҳои фаъолияти факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус муҳокима шуд.

Самти тарбия, вазъи омодагии донишгоҳ барои соли таҳсили 2024-2025 ва тасдиқи ҷадвали раванди таълим, тасдиқи меъёри вақт ва план-плток барои ҳисоби сарбориҳои таълимии устодон, таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯён, фаъолияти Китобхонаи илмии донишгоҳ, вазъи иҷрои “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” дар кафедра ва факултетҳои донишгоҳ аз масъалаҳое буданд, ки дар доираи ҷаласа таҳлил ва мавриди натиҷагирӣ қарор гирифтанд.

Раиси Шуро ҳисоботи сохторҳои дахлдори донишгоҳ вобаста ба масоили баррасишударо шунида, доир ба эътибори аввалиндараҷа додан ба донишазхудкунии фанҳои тахассусии донишҷӯён, маҳорату малакаи онҳо ва сатҳу ташаккули салоҳиятҳои касбӣ, беҳдошти базаи моддиву техникӣ ва таҷҳизонидани лабораторияҳои таълимӣ, риояи “Дастурамал оид таҳияи сарбории ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақвият бахшидани фаъолияти корҳои тарбиявии шурои кураторон, кумитаи волидайн, шурои занону духтарон, вусъати корҳои идеологӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва ғайра дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ