​Ҷаласаи раёсат: тадбирҳо дар самти омодакунии сифатноки кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Ҷаласаи раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин навбат панҷ масъаро фаро гирифт.

Аз рӯйи масъалаи якум - Ҳолати омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар донишгоҳ ва натиҷаи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фурӯғи маърифат” мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Раҷабов Боҳирҷон гузориш дод.

Зикр шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои омодасозии кадрҳои соҳибунвон 7 Шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла 1 Шўрои муштаракро дар назди Комисссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва 6 Шўроро бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додааст. Давоми 2 соли фаъолияти Шўроҳои амалкунандаи дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ беш аз 40 рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ ва қисме аз онҳо барои ҳимоя иҷозат гирифтаанд.

Илова бар ин, дар давоми 2 сол 5 рисолаи докторӣ ва 53 рисолаи номзадӣ ба дифоъ расиданд.

Оид ба вазъи давомот, пешрафт ва сатҳи донишазхудкунии донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Каримов Темурҷон баромад намуд.

Гуфта шуд, ки ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ва ба роҳ мондани кори амалию ташкилӣ бо онҳо, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо дигар шуъбаҳои дахлдор кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, барои таъмину ташкили таҳсилоти донишҷӯёни хориҷӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд.

Сардори маркази бақайдгирӣ ва машварат, котиби масъули комиссияи қабул Маҳмудов Исмоилҷон дар бораи “Омодагии комиссияи қабул барои соли таҳсили 2023-2024” баромад намуд.

Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои таҳлили давраи бақайдгирӣ то санаи 1-уми майи соли 2023 интихоби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз тарафи довталабон 50735 нафарро (соли гузашта 61039) ташкил намуда, аз рӯи интихоби якум шумораи донишҷӯён 4925 нафар (интихоби соли гузашта 5929) мебошанд. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баъди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгохи давлатии тибби ба номи А.И.Сино дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода масъулинро ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият ва таъмини рушди равандҳои фаъолияти донишгоҳ муваззаф намуда, дар самти расида ба дастоврадҳои шоиста дастуру супоришҳои мушаххас ироа намуд.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи раёсат анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ