​Ҷаласаи раёсат: фаъолияти бахши занону духтарон ва лабораторияҳои таълимиву илмӣ баррасӣ шуданд

Дар доираи ҷаласаи навбатии раёсати донишгоҳ се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласа таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода сурат гирифта, дар кори он аъзои раёсат иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа мувофиқи масъалаи якум аз рафти фаъолияти бахши занон ва духтарони донишгоҳ мутахассиси шуъбаи тарбия Султонова Гулбаҳор ҳисобот дод.

Номбурда дар бораи тадбирҳои масъулини бахш маълумот дода, оид ба силсилаи чорабиниҳо, ки бо ташаббуси Шӯрои кор бо занон ва духтарони факултетҳо доир шуд, иттилоъ расонд.

Аз рӯйи масъалаи дуюм - Ҳолати иҷроиши нишондоди қисмати дуюми нақшаи инфиродии омӯзгорон раиси гурӯҳи корӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика Ахмедов Ҳусенбой баромад намуд.

Камбудиҳои ҷойдошта, ки зимни таҳлили вазъи иҷроиш муайян шуданд, мавриди таҳлил қарор гирифта, роҳҳои ҳал ва ислоҳи он баррасӣ шуданд.

Дар идома перомуни рафти фаъолияти лабораторияҳои таълимиву илмӣ, кабинетҳои методӣ ва синфхонаҳои лингофонӣ дар донишгоҳ ҳисоботи раиси гурӯҳи корӣ мудири кафедраи методикаи таълими математика ва ТИ Раҷабова Саодат шунида шуд.




Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо таҳлили масъалаҳо масъулинро муваззаф намуд, ки ҷиҳати таъмини пешрафти самтҳои фаъолият, ки дар доираи ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифт, тадбирҳои муфид роҳандозӣ намоянд.

Ҳамзамон, дар доираи кори ҷаласаи раёсат як қатор кадрҳои навтаъин, ки дар доираи тағйиротҳои кадрӣ сурат гирифтанд, муаррифӣ шуданд.

Мутобиқи фармоиши ректори донишгоҳ ба вазифаи мушовири ректор дотсент Маҳмадшо Маҳмадшоев, сардори раёсати кадр ва корҳои махсус Эҳсон Наврӯзов, сардори Маркази бақайдгирӣ ва машварат Исмоилҷон Маҳмудов, сардори Маркази тестӣ Ашрапова Заррина ва мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Дадобоева Нодира таъин шуданд.

Ҳамзамон, барои хидматҳои шоиста дар таълиму тарбия, анҷоми корҳои илмию эҷодӣ, саҳм гузоштан дар баланд бардоштани маърифати ҷавонон баномзади илмҳои физикаю математика, дотсент Назаров Раим Cипосномаи Раёсати донишгоҳ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ