​Ҷаласаи раёсат: баррасӣ ва натиҷагирии фаъолияти комиссияи экспертии назди раёсати таълим

Дирӯз таҳти сарварии ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ҷаласаи Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар кори он 6 масъалаи муҳим: натиҷаи фаъолияти комиссияи экспертии назди раёсати таълими Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, вазъи таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолии тобистонаи факултетҳо дар моҳҳои июн, июл, ҳолати ҳуҷҷатнигории кафедраҳои Донишгоҳ дар самти илм ва инноватсия, натиҷаи ҷамъбасти сессияи тобистонаи шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) дар соли таҳсили 2022-2023, омодагии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар мавсими зимистони соли таҳсили 2023-2024 ва ҳисоботи деканҳои факултетҳои филологияи тоҷик, филологияи рус ва филологияи ӯзбек мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа Исмоилҷон Маҳмудов – сардори раёсати таълим доир ба натиҷаи фаъолияти комиссияи экспертии назди раёсати таълими Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” гузориш ироа намуд. Мавсуф роҷеъ ба арзу муроҷиати донишҷӯён ва тартиби хориҷ, барқарор ва интиқоли онҳо ибрози назар намуда, афзуд, ки дар муддати муқарраргардидаи фаъолияти комиссияи экспертӣ, 1327 адад ариза ворид гардида, аз он 1312 адад бо қарори комиссияимазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Доир ба вазъи таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолии тобистонаи факултетҳо дар моҳҳои июн, июл Назирҷон Пӯлотов, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон гузориш дод. Қайд гардид, ки таҷрибаомўзии таълимӣ ва истеҳсолӣ тибқи нақшаи таълимӣ баъди итмоми сессияи тобистон дар 17 факултетҳои Донишгоҳ дар моҳҳои июн ва аввали моҳи июл гузаронида шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки, ки дар рафти таҷрибаомўзӣ назорат аз ҷониби мутахассисони шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, садорат ва мудирони кафедраҳои тахассусии факултетҳо дар самти зарурӣ роҳандозӣ шуда, дар корхонаҳо, ташкилот, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатие, ки таҷрибаомўзӣ гузаронида шудааст, таҷрибаомўзон бо қоидаҳои техникаи бехатарӣ, муҳофизати меҳнат ва тартиботи дохилӣ ошно карда шуда, дар дафтарҳои махсус қайд ва имзоҳо гузоштаанд.

Ҳамзамон доир ба ҳолати ҳуҷҷатнигории кафедраҳои Донишгоҳ дар самти илм ва инноватсия гузориши раиси гурӯҳи корӣ, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Ойбек Холдоров шунида шуд. Таъкид рафт, ки давоми муҳлати муқарраргардида самти ҳуҷҷатнигории 85 кафедра мавриди омӯзиш қарор гирифта, маълум гардид, ки дар давоми сол дар ҳамаи факултетҳо беш аз 680 ҷаласаи маҳфил ва 920 ҷаласаи семинарҳои илмӣ баргузор гардиданд. Ҳуҷҷатҳои санҷидашуда нишон доданд, ки дар 18 факултет ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҳуҷҷатҳо мувофиқи талабот тартиб дода шуда, дар ҷузвдонҳоиалоҳида нигоҳдорӣ мешаванд.

Дар идома доир ба натиҷаи ҷамъбасти сессияи тобистонаи шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) дар соли таҳсили 2022-2023, мудири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ Илҳом Каримов ва дар мавзуи омодагии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар мавсими зимистони соли таҳсили 2023-2024 муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ молиявӣ Шараф Раҳмонзода ҳисобот доданд.

Ҳамчунин ҳисоботи деканҳои факултетҳои филологияи тоҷик, филологияи рус ва филологияи ӯзбек шунида шуд.

Дар интиҳо сарвари Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб ба масъулини раёсат перомуни масъалаҳои баррасишуда ва таҳкими фаъолият дар ҳама самтҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо қабули қарорҳои дахлдор аз рӯи масъалаҳои баррасишуда ҷаласаи Раёсат анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ